User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Таҳти чунин унвон 24 ноябри соли 2021 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия дар симои кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки Парчами давлатї яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола санаи қабули

он дар кишвари мо бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу ваҳдати миллӣ барои пос доштани рӯҳи онҳое, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз кардаанд, таҷлил карда мешавад. Бешубҳа, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ шаҳрвандон, алалхусус, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд.

Аз замонҳои қадим парчам рамзи шукӯҳу ифтихор ва нангу номус эътироф гардида, баъдан ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст. Бо мурури айём парчам чун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат мазмуну моҳияти муҳим ва мавқеи устувор касб намуд ва имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлолияти он бе парчами давлатӣ тасаввурнопазир аст.

 Дар чорабинӣ, инчунин, ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи муҳими давлатӣ ва ифодагари ормонҳои миллӣ», ходими калони илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон-Мирзоев Ҷурабек Абдулович дар мавзўи «Аз таърихи парчамдории тољикон», мутахассиси пешбари Раёсати тањлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон- Ашуров Алиназар дар мавзӯи «Парчам намоди муттаҳидии мардум ва рамзи пойдории давлат» ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди нашрияи Адабиёт ва санъат» - Бузургмеҳри Тоҷиддин дар мавзӯи «Парчами давлатӣ ифтихори мост» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.