User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи омодагиҳо ба 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили рушди босуботи кишвар» ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, Қосимзода Г.Ҷ. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия санади муқаддасу сарнавиштсоз, сарчашмаи меъёрии ҳуқуқии тамоми санадҳои кишвар, аз ҷумла моддаи 27 он асоси ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, аз ҷониби коршиносон ҳамчун яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё эътироф гардидааст.

Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҷамшедзода Ҷ.Н. зимни суханронӣ таъкид намуд, ки қабули Конститутсия яке аз арзишмандтарин рӯйдодҳо дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ба шумор рафта, дар эъмори давлати навини тоҷикон нақши калидӣ дорад. Он дар вазъияти нињоят мураккаби сиёсию иљтимої ќабул гардидааст. Санади таќдирсоз ва сарнавиштсози халќи тољик, санади таърихию њуќуќї, сиёсию иљтимої аст. Бо ќабули Конститутсия муносибатҳои муҳими давлатию чамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Таъкид шуд, ки Конститутсия кафили рушди босуботи кишвар буда, танҳо дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун, аз қабили таълимию табобатӣ, фарҳангию варзишӣ, маишию хизматрасонӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар чорабинӣ муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии Академияи идоракунии давлатӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Олимзода Д. А. дар мавзуи «Конститутсия кафили овоздиҳии шаҳрвандон дар сатҳи худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд.

Дар ҷамъомад, ҳамчунин, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Бибиосия суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Конститутсия ифодагари азму иродаи мардуми шарифи кишвар ва таҷассумгари орзую ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон барои расидан ба давлатдории миллӣ буда, барои ҳар сокини кишвар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ муқаддас мебошад. Номбурда зикр намуд, ки яке аз принсипҳои асосии хизмати давлатӣ волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъмини ин принсип аз хизматчии давлатӣ пайваста эҳтиром ва риояи санадҳои қонунгузории кишварро талаб менамояд.