User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бахшида ба 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон 24 июни соли ҷорӣ бо иштироки Карамалишоев Карамалӣ-сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алланазаров Шараф-мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,Равшани Махсумзод-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин ҳайати кормандонтаҳти унвони «Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ-оғози созандагию бунёдкорӣ, музаффарияти бемисли миллати тоҷик табрик намуда, таъкид доштанд, ки чорабинии имрӯза иқдомест барои арҷгузорӣ ба бисту чор соли созандагию бунёдкорӣ, ки дар ин марҳила кишвари мо пойдевори давлатдориро мустаҳкам намуда, дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад. Барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳияти ваҳдати миллиро арзёбӣ намудан қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо дониста мешавад.

Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ- Карамалишоев Карамалӣ дар мавзӯи «Заминаҳо ва омилҳои таърихии сулҳ ва ваҳдати миллӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки гарчанде Тоҷикистон бисёр ҷавон аст, тоҷикон миллати куҳанбунёд мебошанд. Дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ барои забти қаламрави дигар кӯшиш накардааст. Гузаштагони мо аз қадимулайём тамаддунофару сулҳпарвар буданд. Аз ин рӯ, сулҳи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ падидаи бемисл буда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ба имзо расида, мардуми парешонгаштаи моро сарҷамъ ва ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуда, барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон- Алланазаров Шараф тазаккур дод, ки сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша меваи дилхоҳро ба бор меорад. Ваҳдати миллӣ барои татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ дар сарзамини мо заминаи заруриро муҳайё сохт.Ба шарофати кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва халқи тоҷик дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда шуда, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ устувор гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганди хеш “Ман ба шумо сулҳ меоварам”- ро, ки дар иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда буданд, устуворона амалӣ намуданд.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон-Равшани Махсумзоддар мавзӯи «Ваҳдат ва таҳкими истиқлол» ақидаронӣ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Бо ибораҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд гардид, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Инчунин дар чорабинӣ магистранти Академияи идоракунии давлатӣ Раҳматова Малика Шамсуддиновна дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-сарчашмаи ягонагии миллат» маърӯза карда, таъкид намуданд, ки ҳаёту мамоти халқу миллатҳо ба сулҳ робитаи ногусастанӣ дошта, асоси сулҳу ваҳдат созиши ҷонибҳо мебошад. Ҷавҳари рушди Тоҷикистонро ғояи ваҳдат ташкил медиҳад.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дошта, мувофиқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шахсоне, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешаванд, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана савганд ёд менамоянд.

 Дар асоси фармоишҳои директори Агентии хизмати давлатӣ аз 20 апрел ва 1 июни соли 2021, №60 ва №90 Рустамова Фарзона Рустамовна ба мансаби сармутахассиси бахши махзани маълумот ва тестии Агентии хизмати давлатӣ ва Ашурбеков Эҳсон Маҳмуродович ба мансаби сармутахассиси бахши молия ва муҳосибии Агентии хизмати давлатӣ таъин карда шуда буданд, дар ҳузури меҳмонон ва ҳайати кормандон ботантана савганд ёд намуданд.