User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 26 апрели соли 2023 дар раёсати маорифи ВМКБ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба омӯзиши Кодекси одоби хизматчии давлатӣ баргузор гардид.

Машғулияти омӯзиширо сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслима Авзалшоева ва корманди ин ниҳод Нозен Миликбекова бо кормандон ташкил намуда, вобаста ба масъалаи риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, махсусан одоби муошират, интизоми меҳнат ва тарзи либоспӯшӣ маълумоти муфассал пешнињод намуданд.

Сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслима Авзалшоева талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатиро ба таври мушаххас ба саҳми иштирокдорон расонида, зикр намуд, ки риояи ҳатмӣ ва бечунучарои онро дар фаъолияти корӣ ҳамарӯза таъмин намоянд.

Ҳамчунин ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ на танҳо дар раёсат, балки дар тамоми муассисаҳои таълимии вилоят диққати ҷиддӣ дода шавад.

Дар робита ба ин талаботҳо ва муҳимияти масъала роҳбарияти раёсати маорифи вилоят масъалаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, барои иҷрои амалии он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамояд.

(Маълумот ва аксҳо аз саҳифаи иҷтимоии раёсати маорифи ВМКБ)

 

 

                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон