User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

- Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 дарсади хизматчинёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил дода, хизмати давлатӣ тамоюли ҷавоншавӣ дорад, - изҳор дошт Муслима Авзалшоева, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар вилоят.

Ӯ ҳамчунин аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар доираи тадбиқи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ саҳми занон дар идоракунии давлатӣ афзоиш ёфта, ба 33,4 фоиз расид ва танҳо дар мақоми роҳбарӣ айни ҳол 73 зан кор мекунанд.

- Содиқ ба Ватан ва сиёсати Роҳбари давлат, бодониш, соҳибмаърифат, инсондӯст, хушмуомила, боадолат, меҳрубон, хоксор, таҳаммулпазир, беғараз, хайрхоҳу поквиҷдон ва сахтгиру масъулиятшинос дар иҷрои вазифаи хидматӣ, ташаббускор, дорои маданият ва касбияти баланди роҳбарӣ, - дар посух ба хоҳиши тасвири симои М. Авзалшоева изҳор доштанд ҳамкорону хизматчиёни давлатии зиёд, ки бо онҳо мусоҳиб гардидем.           

- Идоракунии давлатӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба вазифаи муҳими давлатӣ табдил ёфт. Шаҳрвандон ҳуқуқи баробар дар идоракунии давлатӣ дошта, барои таъмини ин ҳуқуқ ва ҷалби кадрҳои боистедоду бодониш, соҳибихтисос, ташкилотчиву ташаббускор ба омӯзишу таҷриба ва тарбия намудану тақвият бахшидани касбият ва саллоҳиятнокиашон барои иҷрои муваффақонаи вазифаҳои давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар вилоятҳо таъсис ёфтанд, - баён дошт сардори шуъбаи Агентӣ дар ВМКБ Муслима Авзалшоева.

- Давраеро ёд дорам, ки мутахасисони риштаи кишоварзӣ дар таъин ба мансабҳо бартарият доштанд, сипас саҳми мутахассисони соҳаи гуманитарӣ ва техникӣ дар идоракунии давлатӣ афзуд. Ба манзури аз ҳисоби кадрҳои бодонишу лаёқатманд ва ташкилотчиву ташаббускори соҳаҳои гуногун дар кишвар омӯзондану тайёр намудани хизматчиёни давлатӣ, ки қодиранд вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро шоиста ва бо саллоҳияту касбияти баланд дар сохторҳои гуногуни идорӣ ба ҷо оваранд Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, - афзуд мусоҳибам.  

Тайи солҳои фаъолияти Академия зиёда аз 90 кадри болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар он омӯзиш дида, дар вазифаҳои гуногун муваффақона фаъолият доранд. Дар байни хатмкунандагони Академия айни хол аз ҳисоби занон як нафар дар симати раиси ноҳия, як нафар муовини раиси ноҳия ва муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ кор мекунанд. Дар озмунҳои ишғоли мансабҳои маъмурии давлатӣ ҷавонон ҳар чи бештар ширкати фаъол меварзанду аз 269 хизмачии синнашон ҷавон 14 ҷавонписароне мебошанд, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба кор ҷалб шуданд. Захираи кадрҳо, яке аз самтҳои муҳими тайёр намудани хизматчиёни давлатии касбӣ маҳсуб ёфта, 230 нафар аз ҷумла 79 зан ба рӯйихати кадрҳо дохил гардида, ба омӯзиши касбии захираҳои кадрӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.

Дар баланд бардоштани касбияти хизматчиёни давлатӣ курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ нақши муҳим доранд.

Курсҳои такмили ихтисоси хизматчиён давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар курси омӯзишии дуалӣ дар Хоруғ, ки ба ҳадафи тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда бо ҷалби 25 зан баргузор шуд, омӯзишдидагон соҳиби диплом шуданд.

Дар маҷмӯъ тайи солҳои охир бо ҷалби беш аз 1500 хизматчии давлатӣ дар мавзӯъҳои гуногуни идораи давлатӣ беш аз 100 курсҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.

М. Авзалшоева пас аз хатми омӯзишгоҳи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолияташро ба ҳайси мудири шуъбаи ёрирасон ба шахсони яккаву танҳои шаҳри Хоруғ шурӯъ намуд. Сипас дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, мудири шуъбаи иҷтимоӣ-фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, мудири бахши назорати раиси ВМКБ, сардори шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Хоруғ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр кор кард. Шаш соли хизмати давлатии М. Авзалшоева ба симати  муовини раиси шаҳри Хоруғ рост омаданд. Вақте масъалаи таъйин намудани сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ ба миён омад, бо назардошти таҷрибаи корӣ ва сифатҳои касбӣ номзадиаш дастгирӣ ёфт.

Муслима фарзанди   чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар Тоҷикистон шодравон Аскаршо Авзалшоев аст. Падар пас аз хатми Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим ва директори мактаб фаъолияти меҳнатиашро оғоз кард. Кадри ҷавон ва ташаббускорро пас аз чанде ба вазифаи котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Шуғнон таъин шуда, зина ба зина роҳбарии ин ниҳодро дар шаҳр ва вилоят тай намуд.

Сипас солиёни зиёд дар вазифаи муовини раиси комиҷроияи ВМКБ ва   котиби якуми комитети партиявии ҳизби коммунистӣ дар шаҳри Хоруғ кор карда, ғайрат, ташаббус, кордониву сахтгириаш назири чеҳраи шинохтаи дигари ин давра Моёншо Назаршоев дар эҷоди даҳонии халқ бозтоб ҳам ёфт.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ӯ дар вазифаҳои мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсии дастгоҳи МИҲД-и шаҳри Хоруғ, муовини раиси шаҳр ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнатӣ ВМКБ фаъолият дошт.

Ӯ дар мақомоти комсомолӣ, ҳизбию давлатӣ хизмати пурсамар намуда, дар инкишофи ободонии вилоят, тарбияи кадрҳои ҷавони баландихтисос саҳми арзанда гузошт. Хизматҳои кориаш бо медали «Барои меҳнати шоён», «Нишони фахрӣ», «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.  

Фарзандон ифтихор доранд, ки дар кору фаъолияти касбиашон дар ҷодаҳои мухталифи хизмати давлатӣ ва намояндагӣ бо меҳнати садоқатмандона ва пурсамарашон соҳиби иззату эҳтиром ва номбардори падари азизашон гардиданд. Лаҳзаеро шоҳид будам, ки чун дар ҳавза ба мақоми вакили вилоятӣ дар шаҳр номзадҳои зиёд сабти ном шуда буданду чун пешбарии номзад аз мақомоти шаҳрдорӣ пеш пеш омад, бо як овоз М. Авзалшоеваро номзад карданд, зеро бо назардошта таҷриба ва иззату эҳтиромаш байни мардум имкони ғолибияташ дар ин рақобати шадидро бештар донистанд.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар байни довталабони зиёд ба мақоми вакилӣ интихобкунандагон М. Авзалшоеваро, ки рафтору гуфторашро дар амал дар иҷрои босалоҳияту бомасъулияти вазифаи хидматӣ ва муносибати ҳасана ва боадолат бо мардуму ҳиссагузории дилсӯзона дар ободонӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии шаҳрвандон дидаву санҷида  буданд, вакил интихоб намуданд. Чунин эътирофу эҳтиром ва боварии умум барояш чун намояндаи ҳокимиятӣ давлатӣ туҳфаи бебаҳо буду дар иҷрои вазифаҳои касбӣ ва вакилӣ ӯро болу пар мебахшиданд ва ӯ масъулияти бештаре эҳсос мекард.

Дар хизмати садоқатмандонаи касбӣ ба нафъи давлату ҷомеа дар пайравӣ аз падари номвар духтарон дар баробари писарон, ки яке дар комиссариати ҳарбӣ ва дигаре дар соҳаи журналистика хизмати шоиста анҷом доданд, пешрав шуданд. Яке аз духтарон Бибидавлат Авзалшоева дар сохторҳои гуногуни мақомот фаъолият намуда, дар ду даъват интихобкунандагони вилоятро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ намояндагӣ намуд.

Сахмгузории арзандаи хизматчии давлатӣ Муслима Авзалшоева дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва тарғиби сиёсати давлат бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр ёфт. Бонуи сохибтаҷрибаву соҳибэҳтиром хизмати садоқатмандона ба давлатро хизмат ба мардум ва мешумораду дар пайрохаи падар боварманд, шоиста ва касбияти баланд вазифаи хидматиашро ба ҷо меоварад.

 

                                                                      

                                                                Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон