User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҷавонон нерӯи пешбаранда ва қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб меёбанд. Бо назардошти мақом ва рисолати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ намуда, тадбирњо андешида мешаванд, ки барои онњо шароити таҳсил ва зиндагии шоиста фароҳам оварда шавад.

Дар робита ба ин ҳамасола барои шиносоӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии давлатӣ Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар асоси қарори раиси вилояти Суѓд баргузор гардида, донишҷӯёни фаъол барои иштирок дар Ҳафтаи худидоракунӣ роҳхат мегиранд.

Айни замон донишҷӯён бевосита ба иҷрои вазифаҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва самтҳои фаъолияти воҳидҳои сохтори он шиносоӣ пайдо намуда истодаанд.

Дар баробари дигар сохторҳо инчунин ҷавонон бо фаъолияти шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шинос гардида, вобаста ба татбиқи технологияи кадрӣ маълумоти зарурӣ гирифта истодаанд.

Мақсад аз ҷалби донишҷӯён ба идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама шинос намудани онҳо бо низоми роҳбарӣ ва андӯхтани донишу малака дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

 

 

 

 

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон