User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 14 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои ташкили даври навбатии курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони «Зан-Сарвар» бо иштироки комиссияи босалоҳият имтиҳони қабули довталабон баргузор гардид.

Дар имтиҳони қабули бонувон-хизматчиёни давлатӣ ба курси омӯзишии дуалии «Зан-Сарвар» аз ҳисоби хизматчиёни давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Ғафурзода Абдухалил-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Аҳмадзода Дилноза - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Даврон ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, Исматов Сомон- ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва Абдуалимзода Исмоил-ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Инчунин дар оғози имтиҳони қабули довталабон ва шуруъи кори комиссияи қабули хизматчиёни давлатӣ бо суханони ифтитоҳӣ Яъқубӣ Анвар- муовини раиси вилояти Суғд, Аҳмадзода Дилноза-муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғафурзода Абдухалил-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳадафҳои ташкили курси омӯзишии дуалӣ ва дастуру супоришҳои мушаххаси Ҳукумати кишварро дар омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон шарҳу тавзеҳ доданд.

Курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   роҳандозӣ гардида, дар он занону духтарони то 40-сола, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд.

Азхудкунии муваффақонаи  курси мазкур  ва соњиб шудан ба дипломи хатм аз рӯи барномаи «Зан - Сарвар» дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии хатмкардагон нақши муҳим хоҳад бозид.

Ташкили курсҳои омӯзиши дуалии «Зан-Сарвар» барои хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон  соли 2020 оғоз гардида, дар ин давра 128 нафар духтарону занони болаёқат аз вилоятҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ онро мувафақона хатм намудаанд.

 

                                                                                     Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон