User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 26 декабри соли 2022 дар толори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  - Шаҳло Сайфзода, мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шифо Шарифзода, роҳбарият ва кормандони бонки мазкур вохӯрии корӣ бо мақсади рӯнамои Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар соли 2023 ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар соли 2023 баргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси БДА «Амонатбонк» Сайфзода Шаҳло ифтитоҳ намуда, масъулини Дафтари Лоиҳаи JDS дар Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатиро муаррифӣ ва ташкили вохӯрии мазкурро бисёр муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония сафарбар гардида, то ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Япония хатм намуда, таҳсили 32 нафар идома дорад.

Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо оид ба ҳадаф, мақсад, имкониятҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) миёни кормандони хоҳишманди «Амонатбонк»  муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон миёни иштирокчиён ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур саволу ҷавоб доир гардид.

Чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотии татбиқ ва амалигардонии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) идома доранд.

                                                             Агентии хизмати давлатии назди      

                                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон