User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи таљлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли равон дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони «Парчами давлатӣ-ифтихори миллӣ» чорабинии муштараки тантанавии Агентии хизмати давлатӣ ва муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Мухмадалиевич, директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Ғаниев Рустам Ғафурович, иҷрокунандаи вазифаи сарходими илмӣ-профессори Пажӯҳишгоњи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣнамуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва устодону донишҷӯёни факултаи гуманитарӣ, равияи  «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ»-и филиали Донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Директори Агентӣ Давлатов Ҷ. М. иштирокдорони ҳамоишро бо 30-юмин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, зимни баромад таъкид дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрии давлат ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад. Он ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиќлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст.

Қайд гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда, озмун эълон намуд. Натиҷаи озмун дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд. Нахустин амали сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи таърихӣ -ин бўсидани Парчами Тоҷикистон буд.

Дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дар баробари дигар рўзҳои таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад.

Санаи 20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид. Мутобиқи он, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 Дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ хизматчиёни давлатӣ бояд пешкору пешоҳанг бошанд. Беҳуда нест, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ ба донистани таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи махсус сурат мегирад.

Меҳмонони ҳамоиш, аз ҷумла директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Ғаниев Р. Ғ., иҷрокунандаи вазифаи сарходими илмӣ-профессори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ализода Б.П., Шоири халқии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғоиб зимни баромадҳо вобаста ба пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ, таърихи парчамдории тоҷикон, қабули Парчами давлатӣ ва истифодаи он, нақши Парчам дар давлатдории миллӣ, арҷ гузоштан ба ин муқаддасоти миллӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд.

Дар баробари суханони ифтитоҳӣ–табрикотӣ, маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ, инчунин қадршиносии фаъолон барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ  ба мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадршиносӣ карда шуда, маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ барои фаъолият шуруъ намудаанд, дар вазъияти тантанави баргузор гардид. Хизматчиёни давлатӣ бо имзо гузоштан ба матни савганди қироатнамуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаро ба директори Агентии хизмати давлатӣ супориданд.

 

 

                                                                             Агентии хизмати давлатии назди

                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон