User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамкасбони азиз!

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола санаи қабули он дар кишвари мо ҳамчун рамзи шиносоии кишварӣ мо ба оламиён бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ тамоми шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавони имрўзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ даъват менамояд. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамаи шуморо самимона табрик гуфта, таманнои онро дорам, ки Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад.  

Аз замонҳои қадим парчам рамзи шукӯҳу ифтихор ва нангу номус эътироф гардида, баъдан ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст.

Бо мурури айём парчам чун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат мазмуну моҳияти муҳим ва мавқеи устувор касб намуд ва имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлолияти он бе парчами давлатӣ тасаввурнопазир аст.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик парчамдорию парчамбардориро аз аҷдодони сарбаланди хеш ба мерос гирифта, пайдоиши парчам дар таърихи ин миллати шарафманду озода саҳифаҳои рангину пурғановатро дар бар мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 2020 таъкид доштанд: «Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд».

 Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

Ба иттилои муҳаққиқон, агар пайдоиши давлати Каёниён ба зиёда аз 4 ҳазор сол пеш рост омада бошад, Дирафши коваёнӣ марҳилае то давраи Авестоиро низ дар бар мегирад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ориёиён аввалин парчамдорони олам будаанд.

Ғояи парчам чун рамзи давлатдорӣ ҳанӯз дар­«Авесто» дарҷ гардида, сарчашмаи дигаре, ки дар бораи Дирафши коваёнӣ маълумот додааст, «Шоҳномаи»-и Абулқосим Фирдавсӣ аст ва дар ин асар дирафш чун рамзи озодӣ, адолат ва пирӯзии некӣ бар бадӣ сутуда мешавад.

Дар давраҳои гуногуни давлатдории ориётаборон порчаи чармини Коваи оҳангар ҳамчун Дирафши ковиёнӣ бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шуда, дар он ситорае акс ёфтааст, ки ба чор тараф нур мепошад. Ҳар як шоҳи ориёӣ худро вазифадор мешуморид, ки ба сангҳои қиматбаҳои дирафши салтанати худ чизеро ҳамчун нишона зам намояд.

Дирафш ва парчам дар давлатдории Ҳахоманишиҳо зиёд истифода мешуд. Онҳо иловатан ба Дирафши коваёнӣ тасвири уқобро ҳамчун аломати қудрату тавоноӣ ҷой дода, ба он ситораеро ворид намудаанд, ки ба чор тараф шуълапошӣ мекард ва он нишонаи ҳокимияти давлатӣ буд.

Дирафш аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, равшанӣ додан, тобидан сохта шуда, маънои парчамро ифода мекунад. Тарҳи Дирафши коваёнӣ дар ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст ва нишонаи таърихии рамзӣ буда, аз фарҳанги давлатдорӣ ва анъанаҳои аҷдоду арбоби гузаштаи мо ҳамчун мерос боқӣ мондааст.

Сулолаи Сосониён (соли 224-651), ки эҳёгари суннатҳои давлатдории ориёӣ буданд, «Дирафши коваёнӣ»-ро ҳамчун парчами шоҳон истифода мебурданд. Дар он нишони ситораи ба чор тараф нурпошанда бо сурати уқоби тиллоии болҳояш боз ва бо ҳар як панљаи худ кураи тиллоиро доштаистода акс ёфта буд.

Ҳамчунон, ки таърихнигорон дарҷ намуданд, аломатҳое, ки дар Дирафши ковиёнӣ ва парчамҳои давлатњои ориёӣ тасвир шуда буданд, аз ҷониби дигар миллатҳо пайравӣ ёфтанд. Масалан, акси моҳ минбаъд аз ҷониби давлатдорони араб қабул гардид ва имрӯз ҳамчун рамзи ислом истифода мешавад.

Қабул гардидани маҳз рангҳои сурху сафеду сабз дар Парчами давлатии мо тасодуфӣ нест ва решаҳои таърихӣ дорад. Дар рамзшиносӣ ин рангҳо рангҳои ориёӣ ном гирифтаанд ва бо таърихи мардуми ориёӣ алоќаи ногусастанӣ доранд.

Дар рамзшиносии ориёӣ ранги сурх-ба шоҳон ва артиш тааллуқ дорад.

Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисорӣ ва ҳокимият маҳсуб мешавад.

Ранги сафед-рамзи покӣ, илм, эътиқод ва маънавиёт мебошад.

Ранги сабз-ба кишоварзу ҳунармандон тааллуқ дошта, рамзи киштзори сабз, ҳосил, баракат, табиат, ҷавонӣ ва гулгулшукуфӣ буд.

Дар таърихи навини давлатдории тољикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда, озмун эълон намуд. Натиҷаи озмун дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд. Нахустин амали сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосияи таърихӣ-ин бӯсидани Парчами Тоҷикистон буд.

Дар замони Истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ Рўзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад.

Санаи 20 ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид. Мутобиқи он, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии мо имрӯз дар марказҳои вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо бо ифтихор аз соҳибистиқлолият, муттаҳидӣ ва якдилии тоҷикистониён барафрохта шудаст.

Ҳамзамон, Парчами давлатӣ чун муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар парафшонӣ мекунад.

Парчами Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари мо борҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ афрохта шуд, ки аз сиёсати муваффақонаи тарбияи кадрҳои соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад.  

Вазифаи муқаддаси ҳар фарди Тоҷикистон, хусусан ҳар як аз хизматчии давлатист, ки барои рушди соҳаи худ, баланд бароштани сатҳи зиндагии мардум шоиста фаъолият кунад, то парчами давлати мо ҳамеша парафшон бошад.

Мувофиқи тағӣиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шуд, Парчами давлатии Тоҷикистон дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон парафшонӣ мекунад ва ин амал яке аз омилҳои ташаккули худшиносии миллӣ дониста мешавад.

Дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ хизматчиёни давлатӣ бояд пешкору пешоҳанг бошанд. Беҳуда нест, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ ба донистани таъриху фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи махсус сурат мегирад.

Бори дигар Рўзи Парчами давлатиро ба њамаи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзумандам.

Бигзор Парчами Тоҷикистон ҳамеша парфишон ва миллати тоҷик ҷовидона сарбаланд бошад!

 Рўзи Парчами давлатӣ муборак!