ҲАМАИ ХАБАРҲО
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи тоҷик”-ро ифтитоҳ намуданд.
20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори “Кангурт Гранд Ҳотел”-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат пойтахти кишвар шукуфон ва садҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд мегардад.
19 апрел сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрел ҷараён дошт, ба анҷом расид.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории байниидоравӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои рушди маҳал, кор бо занон ва оила, меъморӣ ва сохтмон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, рушди сайёҳӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи бойгонӣ, агентиҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи роҳбарият вобаста ба ҳалли масъалаи тасдиқи низомномаҳои воҳидҳои сохтории маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Давлатов Ҷ.М.- директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки фаъолияти сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ҳамоҳанг карда мешавад.
Тартиби мазкур аз талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми идоракунии давлатӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №694 «Дар бораи Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» бармеояд.
Муайян карда шуд, ки баъзе сохторҳои маҳаллии мақомоти марказӣ ҳам дар нақшаҳои идоракунии мақомоти марказӣ ва ҳам дар сохтори намунавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №115) пешбинӣ карда шудаанд.
Ҳолати мазкур боиси он гардидааст, ки дар масъалаи тасдиқи низомномаҳои воҳидҳои сохтории маҳаллии баъзе мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, таҷрибаи гуногун амалӣ карда шуда, тартиби ягонаи тасдиқи низомномаҳои сохторҳои маҳаллӣ мавҷуд намебошад.
Дар идомаи кори ҷаласаи кории байниидоравӣ, масъулин аз вазорату идораҳо бо таҳлил ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ҷиҳати бартарафсозии ихтилофҳои зикргардида зарурати ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, №579 «Дар бораи Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2011, №115 «Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дихлдор, пешниҳод гардид.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх