User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мутахассиси  пешбар дар бахши омори ноҳияи Фирдавсӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ-1170,30 сомонӣ.

 

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии иқтисодӣ, оморӣ ва риёзӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ (аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ”  ва Низомномаи Агентӣ);

- донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешаванд.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи андозаи 3х4, 4 дона);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №38УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

 - тавсифнома аз ҷои кори пешина

- маълумотнома оид ба надоштани доuи суди;

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Бахши  ҳуқуқ ва кадрҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: ш.Душанбе, кўчаи Айни-127, индекс:734029, тел.225-44-66

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.