ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи «30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии дар ин макони таърихӣ ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, таҷассуми марҳилаи созандагию ободкорӣ дар кишвар, тӯҳфаи арзанда ба ҷашни фархунда мебошад.
Маркази фарҳангию фароғатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар масоҳати 7 гектар дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии «САНИОСП» дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев» бунёд карда шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону ободониро коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Бунёди Аҷам» ва «Раҳмониён» анҷом додаанд.
Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.
Дар даромадгоҳи асосӣ дарвоза ҳамчун рамзи ворид шудан ба ин макони таърихӣ бо паҳноии 34 метр ва баландии 20 метр сохта шудааст. Дар бунёди дарвоза санги табии травертини конҳои маҳаллӣ истифода ва ба он шукӯҳу зебоии хоса мебахшад .
Аз дарвоза ба самти иншооти асосии боғ – «Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳрави калони ду тарафаш сабзу хуррам бунёд карда шудааст.
Муҷассамаи «Рамзи 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷассумгари иҷлосияи таърихӣ ҳамчун анҷумани наҷоти миллату давлат, барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи давлатдории навин ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки бо баландии 38,5 метр сохта шудааст. Рамзи кураи замин ва нурпошии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон инъикосгари дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақоми хоса гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар тасвири китобҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1992 то имрӯз, яъне баргузории иҷлосияи таърихӣ, садоқати фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарзамини аҷдодӣ ва халқ, роҳи тайкардаи Тоҷикистони навин дар тӯли ин солҳо, пешрафт ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ инъикос ёфтааст.
Дар ду тарафи роҳрави асосӣ 2 фаввораи калон ва 7 ададӣ фаввораҳои хурд дар атрофи онҳо бо истифода аз унсурҳои меъморию рассомӣ, нақшу гулкориҳои Қасри таърихии «Арбоб» сохта шудаанд. Дар гирди фаввораҳо 4 адад суҳбаткада барои истироҳат бо паҳноии 8,3 метр ва баландии 10 метр бо усули миллӣ бунёд гардидааст.
Масоҳати қисмҳои чапу рости боғ барои сайру гашти сокинону меҳмонон, шуғлу бозии кӯдакону наврасон, солимгардонӣ истифода шудаанд. Дар қисми чап маҷмӯи таҷҳизоти варзишию тарбияи ҷисмонӣ, таҷҳизоти бозии кӯдакон васлу насб гардида, макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад.
Дар қисми рости боғ гулгашти назаррабо дар масоҳати 1,7 гектар аз мавзеи зебою дилорои боғи фарҳангию фароғатӣ гардидааст. Беш аз 250 ҳазор бех гули навъи чамангули ҳарранга шукуфтааст. Тибқи нақша дар гулгашт мавсими оянда садбарг шинонида шуда, майдони гулгашти садбарги ҳарранга мешавад.
Дарахтони сояафкану ороишӣ асоси хуррамию зебоии боғ аст. Беш аз 1000 бех анвои гуногуни дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарги сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар ба обу ҳавои минтақа мутобиқ ворид ва шинонида шудаанд. Боғ дар шомгоҳону шабона низ макони сайру гашту истироҳату тамошо аст. Чароғонкунии боғро коргарону мутахассисони ширкати инноватсионии «Само»-и шаҳри Хуҷанд бо истифодаи 180 адад сутунпояҳои бо тарҳу дизайни хоса сохташуда ва васли лампаҳои каммасрафи светодиодӣ амалӣ намудаанд.
Ҳамаи майдону роҳравҳои боғ бо истифодаи санги хорои Хуҷанд сохтаю оро дода шудааст.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб» боз як иқдоми созандаю ободонӣ ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда сарчашма мегиранд.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх