User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳамкасбони азиз!

Ҳар кадоми шуморо бо ҷашни фархунда, ҷашне, ки ваҳдати мардуми шарафманду сарбаланди кишвари азизамонро таҷассум менамояд, ҷашне, ки далели муттаҳидии мо дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст- муборакбод гуфта, бароятон сарбаландию некномӣ, ба сарзамини биҳиштосоямон сулҳу суббот, файзу баракати ҷовидонаро таманно менамоям.

Чун мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан мегӯем, ба хотир суханони Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз боз мегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».

Воқеан дар ин марҳилаи басо ҳассоси таърихӣ ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами мо, зуҳури ӯ ҳамчун як лидери умумимиллӣ барои раҳоӣ аз ҷанги хонумонсӯз, барои ба ҳам пайвастани мардуме, ки пушти ду сангар қарор доштанд, замина гузошт.

Сарвари ҷавони тоҷикон дар ин солҳои мураккаб тавонист бо қарорҳои дурандешонаю оқилона миллати парешонро сарҷамъ кунад. Барои ноил шудан ба созиши миллӣ мулоқоту машваратҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷониби мухолифин дар солҳои 1992-1997 замина гузошт.

Фарзанди фарзонаи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузорад.

Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами мо миллати тоҷик мардуми сарбаланду баномус ва дар оташи муборизаҳои таърих обутобёфта ин фоҷиаи сахти миллиро паси сар карда, бори дигар худро шинохт ва зарурати якпорчагии давлатро беш аз пеш дарк намуд, кишваре, ки аз рӯзи азал пайваста барои расидан ба зиндагии шоистаю арзанда, ба истиқлолияти воқеӣ ва худшиносии миллӣ талош дошт ва дар гузашта мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, тавонист монеаҳои зиёдеро рафъ карда, соҳиби  давлат гардад.

Миллати тоҷик, мардуми сарбаланду баномус дар оташи муборизаҳои таърих обутоб ёфта, имрӯз парчами зафар болои сар бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва музаффариятҳои ба шарофати мубориза  ва ҷоннисориҳо ба даст овардааш Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Пайомади ҳамин саъю талошҳои шабонарӯзист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ ва рўҳияи  созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост.

Пазироии самимии тамоми қишрҳои ҷомеа аз қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори   сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», аз қадрдонии  пиру ҷавон барои заҳматҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунон, ки зимни қабули Қонуни мазкур дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд: Сабаби асосии маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон мардумӣ будани афкору мулоҳиза, мардумӣ будани  фитрату завқу  салиқа  ва мардумӣ будани дунёи ботинии ӯст. Ӯ фарзанди ин сарзамин аст ва хизматҳояш ба ин сарзамин фарзандвор, холисонаву содиқона ва дар заминаи муҳаббат ва ормонҳои миллист.

Давлатсозӣ, дар шароити мураккаб, фароҳам овардани заминаҳои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои таърихи куҳан, бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ-ин ҳама аз ҷумлаи корномаҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд.

Муҳаққиқон бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлатро яке аз муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амалигардиднаи тамоми орзую ормонҳои ниёгон, заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрӯзу фардо мебошад.

Масъалаҳои дигари муҳим дар ин марҳилаи ҳассос, ки бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат амалӣ гардидаанд, ҳифз намудани тамомияти арзии Тоҷикистон, дар муддати бисёр кўтоҳи таърихӣ, таъсис додан ва тақвият бахшидани рукнҳои муосири давлатдорӣ ва ташаккули низоми идоракунӣ мебошанд.  

Санаи 14 майи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул гардида, мутобиқи он ба моддаи 2 Қонуни мазкур  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни умумимиллӣ илова гардид.

Санаи мазкур аз рӯзи аввалини савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифои вазифа шурӯъ намудан 16 ноябри соли 1994 маншаъ мегирад.

Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст.

Ҳамчунон, ки муҳаққиқони сиёсатшинос зикр кардаанд, имрӯз зери роҳбарии Эмомалт Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.

Имрӯз хизматчиёни давлатӣ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ-абармарди давлатсозу ватанпараст дар баробари  ҳар кадом сокини ин сарзамин дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар роҳи рушди кишвари биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Шумо тансиҳатию хонаободӣ ва саодатмандиро орзу менамоям.