User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 15 ноябри соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Додхудоева Бозгул Додхудоевна - ходими давлатию ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ; Майрам Исоева-ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидов Нуралӣ Шамсович-котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо Сафо-директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон, Исматуллозода Фариддун-сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши мазкур роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ-магистрантони таҳсили яксолаи Академияи идоракунии давлатӣ иштирок намуданд.  

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ. М. ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ вобаста ба заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таҷлили ҷашни мазкур, кӯшишу талошҳои Президент Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди давлатии соҳибистиқлоли тоҷик, ташаббусу иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат дар роҳи эъмори ҷомеа навини мо ва дар арсаи байналмилалӣ ибрози андеша намуд.

         Таъкид гардид, ки муҳаққиқон тадбиру талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлат яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амалигардидани тамоми орзую ормонҳои ниёгон, заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрӯзу фардо мебошад.

         Масъалаҳои дигари муҳим дар ин марҳилаи ҳассос, ки бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат амалӣ гардидаанд, ҳифз намудани тамомияти арзии Тоҷикистон, дар муддати бисёр кӯтоҳи таърихӣ таъсис додан ва тақвият бахшидани рукнҳои муосири давлатдорӣ ва ташаккули низоми идоракунӣ мебошад. 

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки имрўз хизматчиёни давлатӣ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ-абармарди давлатсозу ватанпараст дар баробари  ҳар кадом сокини ин сарзамин дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар роҳи рушди кишвари биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд.

Меҳмонони ҳамоиш-собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, аҳли фарҳанг, олимон, аз ҷумла Бозгул Додхудоевна, Майрам Исоева, Нуралӣ Саидов, Зафаршо Иброҳимзода ва Фариддун Исматуллозода зимни баромадҳо вобаста ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули кишвари мо, хизматҳои шоёни Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқу миллати тоҷик, алалхусус, баргардонидани тамоми гузерагон, саҳми Сарвари давлат дар рушди тамоми соҳаҳои хаҷагии халқ, аз ҷумла илму фарҳанг, маорифу соҳаи чавонон,   бунёдкорию созандагии кишвар, тадбирҳо дар самти таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамзамон нақши Сарвари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар намуда, суханҳои хешро бо иқтибосҳо аз паёму суханрониҳои Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият доданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ пеш аз оғози ҳамоиш аз толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Осорхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон дидан намуданд.

Роҳбалад зимни намоиш доир ба нигораҳои дар  толори мазкур нигоҳдошташаванда, яъне ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда, аз ҷумла, «Корд»-туҳфа аз Президенти Федератсияи Русия, «Амсилаи Каъба», «Порае аз Кисва (парда)-и Хонаи Худо (Каъба)»-туҳфаи Арабистони Саудӣ, «Лаълӣ»- туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Шамшер»-туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон,   «Шамшер»-туҳфа аз собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҷопон, «Гулдон»-туҳфа аз директори Хадамоти амнияти федеролии Россия , «Лаълӣ»-туҳфаи Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар Тоҷикистон, «Ордени Пётри Кабир»-туҳфа аз Академияи бехатарии Федератсияи Россия, «Табақи заррандуд»-туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин»-туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Армуғони нуқрагин»-туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ»-туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чубин»-туҳфа аз Президенти Украина, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз   Президенти Ӯзбекистон, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар туҳфаҳо маълумоти муфассал доданд.

Дар баробари суханони ифтитоҳӣ –табрикотӣ, маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ шунида шуда, хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ  ба мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадршиносӣ карда шуданд.

                                                        

                                                                       Агентии хизмати давлатии назди 

                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон