User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2022,№6 вобаста ба Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ санаи 21 октябри соли равон машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Танзими бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ» баргузор гардид.

Дар машғулияти идоравӣ муовини якуми директори Агентӣ Қосимзода Г.Ҷ., сардорони шуъбаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати техникӣ кормандон иштирок намуданд.

Зимни баргузории машғулияти идоравӣ лектор Толибов Саидмурод корманди соҳибтаҷрибаи Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба омилҳои коррупсионӣ ва хатарҳои он барои ҷомеа ва давлат маълумоти муфассал ва таҳлилиро пешниҳод намуд.

Зимни машғулияти идоравӣ қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовиматро бо ин падидаи номатлуб аз замони баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Сардори давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқарор гардидани сохтори ҳокимияти давлатӣ оғоз намуда, онро барои кишвар омили номатлуб ҳисобид.

Доир ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси мақоми махсусгардонидашудаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули санадҳои меъёриӣ-ҳуқуқӣ, стратегияю барномаҳо ва нақшаҳои татбиқи онҳо маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳо ва суханрониҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба хатарҳои коррупсия ибрози назар намуда, таъкид намудаанд, ки Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрўву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмўъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад .

Дар рафти машғулият инчунин мафҳумҳои «Бархўрди манфиатҳо», «Манфиати шахсӣ», «Манфиати давлатӣ» дар робита ба моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тавзеҳ дода шуданд.

Ҳамзамон, дар машғулияти идоравӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии содиркунии амалҳои коррупсионӣ ё бархӯрди манфиатҳо дар заминаи қонунгузории Тоҷикистон маълумот дода шуд.

 

                                                                                                                                                              Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон