User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси Нақша-ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар соли 2022, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,

санаи 21 октябри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.

 Дар қисмати ҷамъбасти курси мазкур Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия Кабир-ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Нигора Аминзода-сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода Ибодат Ғанӣ-директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қурси мазкур дар асоси барномаи мукаммали таълимӣ дар ҳаҷми 46 соат ташкил гардида, мавзуъҳои мутобиқ барои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, масъулони самти муқовимат бо коррупсия иборат аз «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 21 декабри соли 2021», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Тартиби таҳияи Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ», шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «масалаҳои фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Коррупсия падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ», «Механизмҳои муосири пешгирии коррупсия: таҳлили таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар ин самт» ва ба ин монанд мавзуҳои мубрам дар шакли лексия-мубоҳиса аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба ва мутахассисони соҳа давоми як ҳафта, дар ҳаҷми 46 соат таълим дода шуданд.

Дар ҷамъбасти курси тамили ихтисос бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа мизи мудаввар бо мақсади табодули донишу таҷриба дар мавзуи «Сиёсати давлатии муқовимат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуда, 75 нафар хизматчиёни давлатӣ -шунавандагони курси мазкур дар фарҷом соҳиби гувоҳномаи хатми курси такмили ихтисос гардиданд.

 

 

                                                                                                                                                                              Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                                                                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон