User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 6 октябри соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ  инчунин ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз рӯйи масъалаи баррасишаванда муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.

Зимни гузориш қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Агентии хизмати давлатӣ 4162 мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 519 мавод, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 3169 мавод ва 474 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2022 аз Агентии хизмати давлатӣ 1995 мавод содир шудааст.

Дар ин давра ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 1663  мавод ворид, аз онҳо 748  мавод содир гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 7 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва 38 ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуда, 190 қарорҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 474 муроҷиат ва зимни қабули роҳбарият 29 муроҷиат, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторњҳои маҳаллӣ 109 муроҷиат, ҷамъ 138 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, мушкилоти  баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2022 тибқи маълумотҳои оморӣ  дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21753 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18361 нафар (84,4 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3392 адад (15,6 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 11907 нафар (занон 2859 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3467 нафар (занон 1043 нафар ё 30,1 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2987 нафар (занон 588 нафар ё 19,6 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4490 нафар ё 24,4 фоизро ташкил дода, аз 5791 нафар ишғолкунандагони мансабӯои роҳбарикунанда 1144 нафар ё 19,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.  

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8932 нафар (48,6 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35-сола  1543 нафар (26,6 фоиз) мебошад.

Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2022 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 284 (зан-66) нафарро ташкил медиҳад.

Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ ҳамчунин зимни баромад вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, рафти иҷрои дастурҳо, дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар Агентии хизмати давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла сатҳу сифати баргузориии озмунҳо, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунанда  ва ташкили захираи кадрҳо дар мақомоти давлатӣ маълумот доданд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 ба тасвиб расидааст, масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 314 озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Барои ишғоли 3948 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2219 мансаби холӣ бо иштироки 6167 нафар, аз он зан-1064  (барои ишғоли як мансаб 1,6 довталаб) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 2473 нафар, аз он зан-657 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.  

Аз 2473 нафари ба мансабҳо таъингардида 2261 (зан-321) нафар   ҷавонони то 35 - сола мебошанд.

Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 436 (зан-172) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 98 (зан-21) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

Дар ин давра кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 95  ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ (мақомоти марказӣ-40 ҷаласа ва мақомоти маҳаллӣ-55 ҷаласа) иштирок намуданд.

Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ аз 1986 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд, 1688 нафар, аз он зан-367 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 71  нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.

Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 1688 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1517 нафар, аз он зан-332 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 29 нафар, аз он зан-8 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, ба 46 нафар, аз он зан-16 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрӣои роӣбарикунандаи хизмати давлатӣ, ба 63 нафар, аз он зан-19 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия дода шуд.

Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 171 нафар, аз он зан-35 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуда, аз онњо ба 91 нафар барои такмили ихтисос, ба 44 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан, ба 36 нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ ва таӣсили хизматчиёни давлатӣ зимни гузориш баррасӣ гардиданд.

Қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 28 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 23 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур, шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Данғара доир намуд, ки дар онҳо 1317 (зан-406) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаљогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» аз соли 2019 инҷониб дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуда, дар ин давра курси мазкурро 129 нафар бонувон, аз ҷумла 7 нафар кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  хатм намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сатњу сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувону љавонони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуд.

 

 

                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон