07:49, 07 Июни 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳияи Мурғоб-1 ҷой, маоши мансабӣ- 850,4 сомонӣ.

Талаботи ассоси нисбати довталаб:

-         таҳсилоти  олии касбӣ, ихтисосҳои фарҳангшиносӣ, филологияи тоҷик ва  шарқшиносӣ;

-         донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-         маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

             -           ариза ба номи раиси ноҳия;

             -           варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

             -           тарҷумаи ҳол;

             -           нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

             -           нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

             -           маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 08 УЕ;

             -           нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

             -           маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

             -           нусхаи шиноснома;

             -           нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо намудаанд);

             -           маълумотнома оид ба доғи судӣ

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон

Суроға: деҳаи Мурғоб, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб. Индекс 736600Тел \ факс: 21 – 0 – 17

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон