07:46, 07 Июни 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Сармутахассис (муҳандис заминсози) ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов-1ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

2. Сармутахассис (муҳандис заминсози) ҷамоати деҳоти Поршинев-1ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

3. Сармутахассис (муҳандис заминсози) ҷамоати деҳоти Сучон-1ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

4. Сармутахассис (муҳандис заминсози) ҷамоати деҳоти Навобод-1ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

5. Сармутахассис (муҳандис заминсози) ҷамоати деҳоти Вер-1ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

6. Сармутахассис (муҳандис заминсози) ҷамоати деҳоти Ванқалъа-1ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

        7.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Ванқалъа-1 ҷой, маоши мансабӣ-936 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

 барои масаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, муҳандис-мелиоратор, агроном, агрокимиё, хокшиносӣ ва танзими замин ё геодезия (ба ихтисоси муҳандис-заминсоз бартарӣ дода мешавад) ва ихтисосҳои муҳосибот, молия ва иқтисодӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

8.Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати М.Ширинҷонов-1 ҷой, маоши мансабӣ-732 сомонӣ.

9.Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати деҳоти Навобод-1 ҷой, маоши мансабӣ-732 сомонӣ.

10.Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и ҷамоати деҳоти Вер-1 ҷой, маоши мансабӣ-732 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

барои масаби мутахассиси пешбар:

                  -   таҳсилоти олии касбӣ (ба ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, омодагии дифои ҳарбӣ) бартарӣ дода мешавад;

-         донистани забони давлатӣ ҳатмист ва ба донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;

-         маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

             -           ариза ба номи раиси ноҳия;

             -           варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

             -           тарҷумаи ҳол;

             -           нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

             -           нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

             -           маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 08 УЕ;

             -           нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

             -           маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

             -           нусхаи шиноснома;

             -           нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо намудаанд);

             -           маълумотнома оид ба доғи судӣ

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон

Суроға: шаҳраки Ваҳдат, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

 

Индекс 736107Тел \ факс: 3 –05 – 35,  3 –05 – 01 тел/мобилӣ 93-500-22-26



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон