12:11, 03 Апрели 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои ишғоли 9 мансаби холии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.

                   

   МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ

2.Сармутахассис (заминсози)-и Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой маоши мансаби 909-сомонӣ.

3.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну мароисмҳои Ҷамоати деҳоти Сичароғ-1 ҷой, маоши мансабӣ 909 сомонӣ.

4.Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ. 

5.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ.

6.Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ       -1ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.

7.Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Қади Об-1 ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.

8.Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Қади    Об -1ҷой, маоши мансабӣ 819 сомонӣ.

9.Мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ 675 сомонӣ.

     

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

            -ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (раиси шаҳр)

            -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати андозаи 4 х 6)

            - тарҷумаи  ҳол

            - нусхаи  ҳуҷҷатҳо  дар  бораи  таҳсилот

            - нусхаи дафтарчаи  меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад)

            - нусхаи шиноснома

            -нусхаи син

            -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ

            - рақами мушаххасси андозсупоранда

            -маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз нозироти андоз)

            -маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ

                                             

                                               Талаботи тахассусӣ  барои 
                             иш
ғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:

                         Барои ишғолкунандагони  мансаби  сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

         - малакаи кор бо компютер.

                 Барои ишғолкунандагони  мансаби  мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

        -малакаи кор бо компютер.

                Барои ишғолкунандагони мансаби  мутахассис:

        -таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин

 карда метавонад.

        -малакаи кор бо компютер.

                   

                                             Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо;

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефоҳо: 8 (3134) 21-2-68

ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рўз қабул карда мешавад

         Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоед. Иловапулӣба маоши мансабӣбарои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Март 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 25 26 27 28 29
30 31          

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон