User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 18 августи соли 2022 дар толори меҳмонхонаи Серена бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) маросими расмии тантанавии гусели хизматчиёни давлатӣ ба Ҷумҳурии Япония барои таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантура барои солҳои 2022-2024 баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо- Меҳрӣ Олимшо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Дилноза Аҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ- Ширин Амонзода, муовини Сафири Япония дар Тоҷикистон -Хасегава Томонори, роҳбари намояндагии доимии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон-Такасака Мунео, котиби сеюми сафорати Япония дар Тоҷикистон-Катари Харуми, мушовир оид ба татбиқи лоиҳаҳо-Уехара Макико, намояндаи калон Кикучи Такеши, корманди Агентии Япония оид ба хамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Хирано Яко, ассистенти калони директори дафтари JICE/JDS -Шарифзода Шифо ва намояндагони хадамотҳои кадрии вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Дар қисми расмии маросими гусел муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Дилноза Аҳмадзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо- Меҳрӣ Олимшо, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ- Ширин Амонзода, муовини Сафири Япония дар Тоҷикистон- Хасегава Томонори бо суханони ифтитоҳӣ ва табрикотӣ баромад намуданд.

Баъдан стипендиатҳо-хизматчиёни давлатии ба Япония сафарбаршаванда фаъолияти корӣ ва муҳтавои асосии мавзӯи кори илмии таҳқиқотии худро муаррифї намуданд.

Дар фарҷоми маросим роҳбари намояндагии доимии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон- Такасака Мунео бо миннатдорӣ баромад намуда, ба ғолибони стипендияи байналмилалӣ-хизматчиёни давлатӣ, ки гурӯҳи 14-уми сафарбаршаванда ба Япония мебошанд, роҳи сафед ва муваффақият таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ин муддат 90 нафар хизматчиёни давлатӣ ба Япония фиристода шуда, 62 нафар таҳсилро бомуваффақият хатм ва таҳсили 28 нафар   идома дорад.

                                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон