User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб (оид ба соҳаи коммуналӣ) - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ.
  7. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.   
  8. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.
  9. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.
  10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб

- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.

         12.Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ     - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80  сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана     - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой,  маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор

- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ.

  1. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 690 сомонӣ.

                                              Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

 

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби мутахассис:

         - таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

       Суроға ва мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб.

Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рўз аз рўзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рўзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.