ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 июни соли равон дар асоси Нақшаи ташкил ва баргузории машғулиятҳои идоравӣ дар толори Академияи идоракунии давлатӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ, инчунин кормандони Академияи идоракунии давлатӣ
вобаста ба «Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобатӣ забони тоҷикӣ» бо ҷалби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, муовини раиси Кумитаи мазкур Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло машғулияти идоравӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ оид ба татбиқи Барномаи мазкур тасдиқ карда шудааст.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои банди 48 Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии хизмати давлатӣ таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ карда шудааст.
Ба ғайр аз ин, бо мақсади таъмини дастрасии хизматчиёни давлатӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» дар китоби рўимизии хизматчиёни давлатӣ-«Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ», ки соли 2021 дар таҳрири нав бо теъдоди 6000 нусха нашр гардид, ҷой дода шуда, зиёда аз 5000 адади он ба мақомоти давлатӣ ройгон дастрас карда шуд.
Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳияи модулҳои таълимӣ ва пешбинӣ намудани омӯзиши мавзуъҳои «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва роҳҳои амалисозии он (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647)», «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268)», «Забони коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ» ва ғайраҳо дар барномаҳои таълимии курсҳои дахлдори азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2030 ба Академияи мазкур дархост пешниҳод намуд.
Ба ҳолати 1 июни соли 2022 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 15 курси таълимӣ, аз ҷумла-2 курси азнавтайёркунӣ, 13 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур ва шаҳрҳои Бохтар, Турсунзода, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара доир намуд, ки дар онҳо 797 (зан-235) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.
Дар барномаҳои курсҳои мазкур омўзиши мавзуъҳои «Забони коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», «Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ», «Риояи аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигории мақомоти давлатӣ», «Тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои ворида ва содира дар мақомоти давлатӣ», «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ», «Фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ», «Тобишҳои услубию маъноии вожаҳо дар матни коргузории мақомоти давлатӣ» ва ғайраҳо пешбинӣ ва таълим дода шуданд.
Зимни машғулияти идоравӣ аз ҷониби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор- Муҳаммадҷонзода О. О. зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба масъалаи сиёсати забон таваҷҷуҳи бевосита зоҳир гардида, дар ин самт як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аммо ҷомеа пеш меравад, дар ҳама соҳаҳо пешрафт ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба ин, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 бознигарӣ карда шуда, ба он беш аз 112 тағйиру иловаҳо ворид гардид. Баъдан меъёрҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шарҳ дода шуданд.
Аз ҷониби муовини раиси Кумитаи мазкур Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, доктори илмҳои филологӣ, профессор вобаста ба Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба шунавандагон маълумот дода шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби масъулон роҷеъ ба масоили номгузорӣ, аз ҷумла риояи номгузории маҳалҳои аҳолинишин, идораҳо, марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин, номгузории фарзандон ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки ном ҳусни инсон буда,зарур аст, ки фарзандонро бо суннатҳо ва арзишҳои миллӣ номгузорӣ кунем. Аз гузоштани номҳои бегона худдорӣ намоем.
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. нақшаҳои Агентии хизмати давлатиро вобаста ба масоили рушди забони тоҷикӣ қайд намуда, таъкид доштанд, ки дар Рӯзи таҷлили ҷашни забон навиштани «Диктанти ягона» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Директори Агентӣ машғулиятро ҷамъбаст намуда, ба роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх