User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

 

      1.Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1174 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

 

2.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати  деҳоти ба номи Ғаффор Мрзо- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1174 сомонӣ.

3.Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг - 1ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.

4.Мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ; 
  3. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Шугнов - 1ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.

 

Барои иштирок дар озмун  ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1 ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 036 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд).

-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ

 

                Талаботи тахассусӣ

       барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатии мазкурро таъмин карда метавонад.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳаноми татбиқи манфиатҳои давалтӣ.

         -  малакаи кор бо компютер.

 

               Талаботи тахассусӣ

барои ишғоли мансаби Сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатии мазкурро таъмин карда метавонад.

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳаноми татбиқи манфиатҳои давалтӣ.

         -  малакаи кор бо компютер.       

 

                    Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Ховалинг, кўчаи И.Сомонӣ-1, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон:  8331720126, 8331720124.

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияи расмӣ ва сомонаи Агентии  хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.