User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

           1.Ёрдамчии раиси вилояти Хатлон - 1 ҷой,

           Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

   - таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог ва идоракуни давлатӣ  бартари дода мешавад):

   -2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ аз рўи ихтисос:

   -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби ёрдамчигиро ба танзим медароранд:

     -малакаи кор бо компютер.

     Маоши мансабӣ-1308 сомон, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ

 

            2.Сармутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон -1 ҷой,

     Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

     - таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисоси олӣ бартари  дода мешавад):

    - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ аз рўи ихтисос:

    -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби сармутахассисиро ба танзим медароранд:

   -малакаи кор бо компютер.

     Маоши мансабӣ-1186  сомон 80 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

     3.Сармутахассиси шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон - 1 ҷой,                 

     Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

   - таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои иқтисодчӣ ва мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ бартари  дода мешавад):

    2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ аз рўи ихтисос:

 -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби сармутахассисиро ба танзим медароранд:

   -малакаи кор бо компютер.

     Маоши мансабӣ- 1186  сомон 80 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

              

            4.Мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон – 1 ҷой,

     Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

    - таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои ҳуқуқшинос, омўзгор, идоракунии давлатӣ ва гуманитарӣ бартари  дода мешавад):

    -донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби мутахассисиро ба танзим медароранд:

   -малакаи кор бо компютер.

     Маоши мансабӣ- 800 сомон 40 дирам, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

     - ариза ба унвони роҳбари мақомот;

     - варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расми 3х4;

     - шарҳи ҳол;

     - нусхаи диплом;

     - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

     - нусхаи шиноснома;

     - маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

     - нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

     - маълумотнома аз ҷои истиқомат;

     - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

     - нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

     - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

     - маълумотнома (справка-объективка):

     - маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ:                                                            

                                      

                                             Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Индекс: 735140 шаҳри Бохтар, кўчаи ба номи Н.Хувайдуллоев-1 бинои мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии вилояти  Хатлон ошёнаи 3 утоқи 303-304, Суроғаи  почтаи  электрони  kadrho@khatlon.tj, телефон  2-16-16, факс 3-47 

 

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.