User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 27 майи соли ҷорӣ дар асоси Нақшаи ташкил ва баргузории хонишҳои идоравӣ миёни кормандони Агентии хизмати давлатӣ бо ҷалби устодони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар толори донишгоҳ бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандони Агентӣ вобаста ба мутолиаи умумии шоҳасари

«Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров хониши идоравӣ ташкил гардид.

Дар қисмати ифтитоҳи хониши идоравӣ Нуъмонҷон Ғаффорзода - ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иштирок намуда, иқдоми пешгирифтаи Агентиро ҷиҳати ба роҳ мондани мутолиаи умуми китоби «Тоҷикон» бисёр муҳим ва сари вақтӣ шуморид. Ҳамзамон, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ қайд намуд, ки асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ пайдо кардан ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ аз нав дар як ҷилд интишор шуда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонавода туҳфа гардидааст. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург дошта, муаллиф таърихи халқи тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаъҳои зиёд истифода намудааст, ки ин ҷиҳати муаррифии тоҷикон ба ҷаҳониён ва нақши муассирашон ҳамчун сокинони бумии минтақа дар рушди тамаддуни башарӣ арзиши бузург дорад, ҳамчунин зикр дошт Дилноза Аҳмадзода.

Зимни хониши идоравӣ устоди донишгоҳ оид ба боби якуми китоби мазкур дар мавзӯи «Ҷамоатҳои ибтидоӣ дар Осиёи миёна» лексия хонда, муфассал, содда ва фаҳмо бо мисолҳои равшан шарҳ дод.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мутолиаи умуми китоби «Тоҷикон» миёни кормандони Агентии хизмати давлатӣ 3 моҳ давом намуда, дар ҷамъбаст миёни кормандон озмун аз натиҷаи омӯзиши китоби мазкур ва ҳавасмандиҳо амалӣ карда мешаванд.

 

                                                                                           Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон