User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

27 май дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва масъулони самти маҳал аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ҷамъбаст гардид.

Дар љамъбасти курс Аҳмадзода Дилнозаи Даврон– муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатӣ,   Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло – муовини раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозиев Камолиддин - муовини сардори раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қабл аз ҷамъбасти курс дар мавзуи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо» мизи мудаввар доир гардида, дар ҷараёни он шунавандагони курси мазкур   ибрози  андеша намуданд.

Тазаккурбояд дод, ки дар доираи курси болозикр тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагон машғулиятҳо вобаста ба хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, шарњи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ ва хусусиятҳои он дар замони муосир ва нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ баргузор гардид.  

 

                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон