User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассис Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1380 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи нархҳо ва тарифҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи нархҳо ва тарифҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбар Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбар Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рудакӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 924 сомонӣ.
  11. Мутахассиси бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.
  12. Мутахассиси бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун - 1 ҷой, маоши мансабӣ- 759 сомонӣ.
  14. Мутахассиси бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 1 сол собиқаи собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон, малакаи хуби муошират,  донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

 

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.

         Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро

           бояд пешниҳод намоянд:

  - аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

  - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

  - тарҷумаи ҳол;

  - 2 дона расми андозаи 3х4;       

  - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

  - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

  - маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

  - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

  - нусхаи шиноснома;

  - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

  -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд. Суроға: Шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №308

Телефон барои тамос: 227-63-24;  221-57-21; Fax: 221-43-75.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.