User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

     Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ 21 феврали соли равон курси навбатии такмили ихтисос барои мутахассисони пешбар

(мутахассисон)-и хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рўйи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» шурўъ гардида, ба он 75 нафар хизматчиёни давлатӣ даъват карда шудаанд.

         Дар маросими ифтитоҳи курс  муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Дар рафти машғулиятҳо шунавандангон вобаста ба асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатӣ, тартиби ташкил ва кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатӣ, тартиби пешниҳоди эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ, қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тавзеҳи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзўъҳо маълумот хоҳанд гирифт.

         Дар фарҷоми курси такмили ихтисос баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» дар назар дошта шудааст.

                                                                                     Агентии хизмати давлатии назди                             

                                                                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон