User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

15 феврал Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии содирот соати 09:00 дар Агентӣ баргузор мешавад.

Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Академия доир менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Академияи идоракунии давлатӣ баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мешаванд.

                                                                                                                       Сарчашма www.khovar.tj