User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ 27 сентябри соли 2021 барои роҳбарони дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021 аз рӯйи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» курси такмили ихтисос оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ-Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ-Қодиров Зоҳир Қодирович иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар назар аст, ки курси мазкур то 2 октябри соли 2021 идома ёфта, ба шунавандагони курс дар мавзӯъҳои «Шарҳи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воќеӣ ва ҳуқуқӣ», «Шарҳи Кодекси одоби хизматии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ» ва ғайраҳо лексия доир карда мешавад.

Дар ҷамъбасти курс мизи мудаввар дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Агентии хизмати давлатии назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон