User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 аз 28 то 30 апрели соли равон 23 нафар раисони шаҳру нохияҳо ва 28 нафар роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии масъули самти маҳалро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

Дар ифтитоҳи курси мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва ректори Академияи идоракунии давлатӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок ва суханрони намуданд.

Курси такмили ихтисос се рӯз идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагон машғулиятҳо вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавзеҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди давлатсозии навини тоҷикон, мушкилотҳо ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳал, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа роҳандозӣ мешаванд.

Дар ҷамъбасти курси мазкур 30 апрели соли равон бо иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, забон ва истилоҳот ва Академияи идоракунии давлатӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» баргузор мегардад.

                                                  

                                      Агентии хизмати давлатии назди

                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон