12:10, 20 Октябри 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории тоҷикон

  Санаи 15 ноябри соли равон дар Агентии хизмати давлатӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Агентӣ машғулияти идоравӣ ташкил карда шуд.  
        Машғулияти идоравиро муовини директори Агентӣ Аюбӣ Б.О. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ қайд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти мамалакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар хомӯш карданиоташи ҷанги шањрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, расидан ба Вањдати миллї, тањкими аркони давлатдории миллии тољикон ва пояњои истиќлолият ва дар маљмуъ дар оѓози давлатсозии тољикон беназир аст.
        Мавсуф иброз дошт, ки пажўњишгарон бо тадбир ва талошњои пайгиронаи Эмомалї Рањмон аз вартаи нобудї наљот ёфтани давлатдории миллии тољиконро яке аз муњимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд.
      Сипас муовини сардори шуъбаи ташкилї, тањлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатї Фаќеров Ф.Н.дар мавзўъи «Наќши Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањкими давлатдории тољикон» маърўза намуд. Мавсуф зимни маърўзаи худ аз љумла иброз дошт, ки Эмомалї Рањмон шахсияти барљастаи таърихї буда, аз рўзњои нахустини интихоб ба њайси Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз рўи садоќат ба халќу Ватан, эњсоси дарки авзоъ ва истеъдоди интихоби тадбирњои муфиду муассир дар тањкими сулњу субот дар кишвари мо мањбуби тамоми тољикистониён гардид.

         Хизматњои бебањои Президенти Тољикистон дар арсаи байналмилалї эътироф ва аз љониби сиёсатмадорону шахсиятњои шинохта бањогузорї шудааст. Таљрибаи Тољикистон дар барќарор намудани сулњ ва расидан ба ризоияти миллї муњим арзёбї гардида, њамчун намуна истифода бурдани онро дар бартараф сохтани муноќишоти миллї дар дунё тавсия намудаанд.

        Дар интињои машѓулияти идоравї аз љониби иштирокчиён вобаста ба  Наќши Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар тањкими давлатдории тољиконандешањои худро баён доштанд. Ќайд карда шуд, ки Пешвои миллї будани Эмомалї Рањмон наќш ва рисолати таърихиест, ки ў дар назди Ватану миллат ва дар шоњидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон