11:04, 22 Августи 2018
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Ҷаласаи дуюми Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Лоиҳаи JDS)

Санаи 31 октябри соли 2017 дар доираи ҳамкориҳои судманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония ҷаласаи дуюми Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон (JDS)  баргузор гардид.
     Дар ҷаласа директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М., сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати корҳои хориљӣ Ибодзода А., сафири Япония дар Љумњурии Тољикистон љаноби Китаока Њаљиме, намояндагони Агентии њамкорињои байналмилалии Япония ва кормандони Дафтари Лоињаи JDS иштирок ва суханронї намуданд.
     Зимни суханронињо ќайд гардид, ки давоми солњои 2009-2017 магистратураи донишгоњњои Японияро 33 (зан-5) нафар хатм намуда,тањсили 12 нафари дигар дар магистратура ва инчунин аз њисоби хатмкардагони магистратура тањсили як нафар дар докторантураи донишгоњњои Япония идома дорад.
    Њамзамон дар љаласа натиљаи санљиши довталабони докторантураи донишгоњњои Япония мавриди баррасї ќарор гирифт. Барои ба даст овардани 1 бурсияи докторї 2 нафар мутахассисон аз маќомоти давлатии шомили Лоињаи JDS ширкат варзида, дар натиља 1 нафар хизматчии давлатї аз Вазорати рушди иќтисод ва савдобарои тањсили солњои 2018-2021 дар Донишгоњи Осиё ва Уќёнуси Ороми Ритсумейкани Япония интихоб гардид.
   Дар љамъбасти љаласа дар робита ба идомаи њамкорињои дуљонибаи Агентии хизмати давлатї ва Агентии њамкорињои байналмилалии Япония (JICA) фикру мулоњизањои судманд баён карда шуд. 
    Изњори итминон карда шуд, ки њамкорињои Агентии хизмати давлатї ва Агентии њамкорињои байналмилалии Япония (JICA) дар самти омода намудани мутахассисони соњаи идоракунии давлатї  минбаъд њам давом ёфта, дар солњои оянда боз њам рушд хоњад кард. 



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон