13:21, 18 Апрели 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуданд

Категория: Новости

Апрел 1, 2021 17:54

PJT I MINISTR KORIE 01.04

1 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистону Корея мароқ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои манфиатбахши тамосҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.

Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия, муҳокима гардид.

Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Дар мулоқот масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, оид ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ табодули андеша намуданд.

Источник:khovar.tj



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон