14:30, 18 Апрели 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд

Категория: Новости

Март 31, 2021 11:55

PJT I MINISTR MID PAKISTANA 31.03.2021

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 9-умин Конфронси «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» мавриди баррасӣқарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳавасманд аст, то имкониятҳои таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки ду кишвар, ба таври самаранок истифода шаванд.

Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба имрӯз бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки заминаи мусоиди ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, туризм, алоқаи ҳавоӣ ва робитаҳои амниятиро фароҳам меоранд.

Барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории амниятӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.

Дар вохӯрӣҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаи «CASA-1000», зарурати интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муҳокима карда шуд.

Сарчашма: khovar.tj



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Март 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон