ҲАМАИ ХАБАРҲО
9 июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.
Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд.
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:
-
Дар Қасри миллат масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Садир Жапаров ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.
Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.
Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шумурда шуд.
8 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Шоми рӯзи 8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори меҳмони олимақом муҳтарам Садир Жапаров бо нишони қадршиносӣ дар фазои дӯстию бародарӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо намуданд.
Санаи 8 июли соли 2025 пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.
Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.
Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
24.04.2023 15:25, ноҳияи Кӯшониён
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар», ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бахусус раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Анҷоми тадбирҳои роҳсозӣ дар марҳилаи якум ва дуюм хеле хуб ба мушоҳида расида, сокинони вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони тавассути ин роҳ сафаркунанда истифода ва баҳрабардорӣ карда истодаанд.
Акнун дар марҳилаи навбатӣ бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хати ҳаракат дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор мегирад.
Дар сохтмони роҳи мазкур фармоишгари татбиқи лоиҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «СИ ТИ АЙ» ва пудратчӣ ширкати «ДАЙ НИППОН» -и кишвари Ҷопон корҳои босифати сохтмониро ба анҷом расонида истодаанд.
Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур бештар аз 22 моҳро ташкил медиҳад. Сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Тавре иттилоъ доданд, паҳноии роҳ аз 24 то 26,5 метрро дар бар мегирад. Аз рӯйи тарҳи бунёди роҳ дар таҷдиду азнавсозии ин самти ҳаракат якчанд пул, гузаргоҳу роҳравҳои алоҳида барои пиёдагардон, хобондани қубурҳои қутрашон гуногун ба анҷом расонида мешавад.
Аз рӯйи иттилои мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ бо маблағҳои пешбинишуда ҷараён гирифта, анҷоми корҳои бунёдӣ тибқи шартнома дар мӯҳлати муайян ба иҷро расонида мешавад.
Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҷараёни амалишавии лоиҳаи бунёди роҳ садҳо нафар сокинони вилояти Хатлон бо шуғл фаро гирифта шуда, бо маоши баланд ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дар таҷдиду бунёди роҳи мазкур 19 нафар мутахассисони хориҷӣ ва 379 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолияти пурсамар карда истодаанд, ки ин 95 фоиз аз шумораи умумии кормандон аст.
Барои сифатнок ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 83 техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонӣ ҷалб карда шудаст, ки аз ин шумора 32 воситаи нақлиётро мошинҳои калони борбардор, 6 экскватор ва дигар техникаҳои роҳсозӣ истифода мегардад.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, айни замон корҳои сохтмони роҳ хуб ҷараён дошта, аз рӯйи маълумоти мутахассисон 172 ҳазору 375 метри мураббаъ қабати поёнии якуми роҳ, 111 ҳазор метри мураббаъ қабати поёнии дуюм ба анҷом расонида шуда, 87 ҳазор метри мураббаъ қисмати болоӣ асфалт ва 83 ҳазор метри мураббаъ қабати дуюм низ асфалт гирифта шудааст.
Дар ду канори роҳ новаҳои обпарто, 18 адад қубурҳои обгузар гузошта шуда, корҳои равшаннамоӣ дар 6 қитъа бо дарозии 1,4 км ба анҷом расонида шудааст.
Айни замон тибқи лоиҳаи сохтмонӣ пулҳои рақами 15 ва 16 ба охир расида, барои истифодабарӣ омода карда шудааст.
Аз рӯйи маълумоти ниҳоӣ корҳои сохтмонӣ дар масири мазкур то охири моҳи майи соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида мешавад.
Аз рӯйи таъкиди Пешвои муаззами миллат корҳои сохтмонӣ дар роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бояд бо сатҳу сифати аъло ба итмом расида, садсолаҳо барои сокинон ва меҳмонон хизмат расонад.
Масири мазкур аз 4 хатти ҳаракат, ҳар кадоме иборат аз 3,5 метр ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ қисмат карда шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд доданд.
Дар масофаи қитъаи Қизил-қалъа - Кӯшониён - Бохтар, ки 9,2км-ро дар бар мегирад, 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 18 ҳазор метри мураббаъ роҳи пиёдагард ва гузоштани аломатҳои ишоравии ҳаракати роҳ дар қитъаҳои гуногуни он ба иҷро расонида мешавад.
Дар вусъати корҳои созандагӣ мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кишвари Ҷопон меҳнати босамар карда истодаанд.
Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.
Ин шоҳроҳ василаи хуб дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти гуногун мегардад.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх