User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 13 марти соли ҷорӣ дар асоси Нақша-ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2022  тасдиқ гардидааст,

дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки солҳои 2021-2022 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи курси мазкур Аҳмадзода Дилноза - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарамалишоев Қарамалишо- ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода Ибодат- директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҳадаф аз ташкили курси мазкурро шарњ доданд.

Тибқи нақшаи  зикргардида 100 нафар хизматчиёни давлатӣ ҳамчун шунаванда дар курси мазкур фаро гирифта шуда, мувофиќи барномаи таълимӣ мавзуъҳои мубрам аз ҷумла вобаста ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи ташаккулёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи технологияи кадрӣ дар хизмати давлатӣ, риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, шарҳи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»,  «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ҷавонон пайравони Пешвои миллат, асосҳои ҳуқуқии омӯзиши, идеологияи миллӣ ҳамчун омили худшиносиии миллӣ, нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, шарҳи   тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамгироии ҳадафҳои рушди кишвар дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ машғулиятҳои таълимӣ то санаи 17 марти соли ҷорӣ аз ҷониби устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони соҳа гузаронида мешавад.

Инчунин дар  ҷамъбасти курси мазкур ташкили конференсияи илмї-амалї дар мавзуи «Наќши хизматчиёни давлатї дар пешгирии шомилшавии шањрвандон ба њизбу њаракатњои экстремистию террористї», барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, сайёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ва дар вазъияти тантанавӣ супоридани гувоҳномаҳои хатм ба шунавандагони курси мазкур ба нақша гирифта шудааст.

 

                                                                                          Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон