User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Омода намудани хизматчиёни давлатӣ, таъмини такмили ихтисос ва таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти босалоҳияти давлатӣ- Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин самт пайваста аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Маврид ба ифтихор аст, ки соли ҷорӣ яке аз хизматчиёни давлатӣ- Юсуфзода Фаррух тавонист рисолаи доктории худро дар доираи стипендияҳои ҷудонамуда дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Япония ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Япония ҳимоя намояд.

Хизматчии давлатӣ-Юсуфзода Фаррух айни замон ба ҳайси сармутахассиси раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Номбурда дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омода кардани кадрҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, ки дар ҳамкории Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония ба роҳ монда шудааст, сафарбар гардида, солҳои 2019-2022 дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсил барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)-и Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) дар Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ором-Ритсумейкани Япония дар барномаи докторантура PhD таҳсил намуд. Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Беппу, префектураи Оита. ҷазираи Кюшуи Япония ҷойгир аст. Беппу шаҳри сайёҳӣ буда, барои донишҷуёни соҳаи сайёҳӣ имконоти хуби омӯзиш ва таҳқиқ намудани таъсири сайёҳӣ ба иқтисоди маҳалро фароҳам меорад. Чун ҳамасола шаҳри Беппуро, ки тақрибан 120 ҳазор аҳолӣ дорад, зиёда аз 10 миллион сайёҳ дидан мекунад. Донишгоҳи мазкур байналмилалӣ буда, дар он донишҷуёни зиёда аз 90 давлати дунё таҳсил мекунанд. Донишгоҳ муҳити байналмилалӣ дошта, бо тамоми таҷҳизот ва технологияи муосир барои таҳсил муҷаҳҳаз шудааст.

Мавзуи таҳқиқотии Юсуфзода Фаррух низ дар робита ба ҳамин афзалиятҳо ва дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба эълон гардидани солҳои 2018-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардид.

Бо дарназардошти эҳтиёҷоти кишвар ва дар маҷмуъ эҳтиёҷоти давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар самти таҳлил ва арзёбии таъсири сайёҳӣ дар рушди маҳал, мақсади асосии кори таҳқиқотии Юсуфзода Фаррух ин муайян намудани нақши сайёҳӣ дар рушди деҳот дар мисоли Тоҷикистон муайян гардид. Номбурда бо истифода аз пурсишу саволномаҳо ва методологияҳои таҳқиқотӣ мутобиқи талаботи байналмилалӣ мавзӯи мазкурро таҳлилу таҳқиқ намуда, натиҷаҳои онро бо муваффақият ҳимоя намуд.

Мавриди сарфарозӣ аст, ки Юсуфзода Фаррух аввалин донишҷӯи доктор PhD аз Тоҷикистон аст, ки дар муҳлати асосӣ, яъне 3 соли тақвимӣ кори докториро бомуваффақият анҷом дод.

Натиҷаҳои кори илмии Юсуфзода Фаррух барои беҳтару хубтар тарҳрезӣ шудани барнома ва нақшаҳои рушди сайёҳӣ, инчунин татбиқи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

          

                                                                                               Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон