User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар  вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ вобаста ба Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония барои хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.

Рӯнамоии мазкур аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадаф, мақсад, имкониятҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи талаботи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур дар асоси ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар ин муҳлат 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония сафарбар гардида, то ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Япония хатм намуда, таҳсили 32 нафар идома дорад.

Мақсади рӯнамои Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар соли 2023 ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур нигаронида шудааст.

Дар идома ба саволҳои иштирокчиён ҷиҳати ҳадафмандона татбиқ   гардидани Лоиҳаи мазкур ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотии амалигардонии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) идома доранд.

 

                                                                                                      Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон