User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Душанбе ва Исломобод барои густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон омодаанд.

Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар Исломобод Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф изҳор доштанд.

Сарвазири Покистон ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти бандари баҳрии Гвадар маълумот дода, пешниҳод кард, ки Тоҷикистон аз иншооти бандарҳои Покистон ва Долони иқтисодии Чин-Покистон истифода намояд. Ӯ таъкид дошт, ки бандарҳои Покистон масири кӯтоҳтарин ва камхарҷ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон буда, ҷиҳати баромадан ба бозорҳои Ховари Миёна ва фаротар аз он имконият фароҳам меоранд.

«Мо ба таъмини рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудем. Дар соҳаи нақлиёт мо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷиҳати роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Покистон бори дигар таъкид кардем», - зикр намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ дар Покистон.

Ҳамчунин бино ба гуфтаи Пешвои миллат, ҷонибҳо оид ба идома додани ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи КАСА-1000 табодули афкор намуданд.

 Тавре Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни музокирот ҷонибҳо зикр карданд, ки соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ метавонанд аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бошанд.

 

                                                                                                                                                                                                                                                                                                               Сарчашма: www.khovar.tj