User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 

Дар асоси фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2022, №6 тибқи Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ ва Нақшаи чорабиниҳои оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда

санаи 14 декабри соли равон машғулияти идоравӣ баргузор гардид.

         Дар рафти машғулият аз ҷониби муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотӣ Кенҷазода М.А. мавзуи «Фонди иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ» ва аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ташкилию иттилоотӣ Сафарзода Ҳ.С. мавзуи «Кўлҳо, обанборҳо ва пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омўзиш қарор дода шуданд.

         Зимни машғулият Кенҷазода М.А. мафҳуми «Иншоотҳои муҳофизатӣ»-ро шарҳ дода, вобаста ба мақсади истифодаи иншоотњои муҳофизатӣ, таъинот ва намудҳои онҳо, утоқҳои ёрирасон дар иншоотҳои муҳофизатӣ, истифодаи маводҳои зарурӣ дар паногоҳҳо, тартиби пур кардани паноҳшавандагон дар онҳо ва вазифаҳои асосии паноҳшавандагон дар паногоҳҳо маълумот доданд.

          Сафарзода Ҳ.С. дар рафти машғулият оид ба захираҳои обии кишвар, истифодаи самараноки об, нақши об дар рушди иқтисоди миллӣ, эҳтимолияти рўй додани таҳдидҳо вобаста ба шароити иқлими Тоҷикистон дар алоқамандӣ ба об, таҳдидҳои гидрометеорологӣ ахбор доданд.   

         Дар хотима вобаста ба мавзуъҳои мазкур саволу ҷавоби шунавандагон бо лекторон гузаронида шуд.

 

                                                                                      Агентии хизмати давлатии назди    

                                                                                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон