User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар шаҳри Турсунзода бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бо иштироки намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 9 декабри соли 2022  барои занони фаъоли касбу кори гуногун, хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилотњо ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳудуди шаҳри Турсунзода якумин семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия»  баргузор гардид.

Дар кори семинари мазкур бо маводҳои таҳлилии соҳавӣ Муқимӣ Нигора- сардори раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Умеда Абдуллозода- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила баромад намуданд.

Зимни суҳбати масъулин баён гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз он ҷумла Тоҷикистон ба њисоб меравад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон барои паст намудани сатњи падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия мубориза бурда, нисбати ин масоил чораандешї доранд.

Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.                             

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеъа эҷод менамояд.

Коррупсия ҳамчунин падидаи номатлуби иҷтимоӣ буда, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карда мешавад. Ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ барои эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таҳдидҳои коррупсионӣ мусоидат намуда, занону бонувонро дар самти муқовимат бо коррупсия дучанд фаъол мегарданд.

 

                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон