User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 6 декабри соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Фарҳод Салимӣ-муовини вазири корҳои хориҷӣ, Дилноза Аҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Абдухалил Ғафурзода-ректори Академияи идоракунии давлатӣ

курси ғайринақшавии такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Вазорат аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва дипломатӣ» ҷамъбаст гардид.

Маврид ба зикр аст, ки курси ғайринақшавии мазкур бо дархости Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатӣ-кормандони Вазорат аз рӯи барномаи «Асосҳои хизмати давлатӣ ва дипломатӣ» дар давраи 1 ноябр-1 декабри соли ҷорӣ ташкил гардид.

Дар ҷамъбасти курси мазкур Фарҳод Салимӣ-муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухалил Ғафурзода-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ибодат Ғанизода-директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ масъулон зикр доштанд, ки хизмати давлатии муосири Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ-сиёсӣ баробар бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон асос ёфта, ташаккул ва рушди он ҳамчун яке аз рукнҳои асосии идоракунии давлатӣ аз Конститутсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқи баробарро барои дохил шудан ба хидмати давлатӣ кафолат медиҳад.

Ин меъёри Конститутсия ба моддаи 25 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мувофиқат мекунад, ки дар он пешбинӣ шудааст: «Ба ҳар як шаҳрванд дар кишвари худ бояд бе ҳеҷ гуна поймолкунӣ ва маҳдуднамоии беасос тибқи шарту шароити барои ҳама баробар ҳуқуқу имконияти иштирок кардан дар хизмати давлатӣ дода шавад».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нахустин маротиба соли 1998 ва дар таҳрири нав соли 2007 қабул гардида, ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар назди институти хизмати давлатии мавҷуда равандҳои асосии идоракунии захираҳои инсонӣ таҳия ва самтҳои афзалиятноки низоми таҳсил, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муайян гардиданд, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии муосири технологияҳои кадрӣ мувофиқат мекунанд.

Дар доираи татбиқи санадҳои зикргардида ва дигар иқдомҳои ба рушди соҳа нигаронидашуда барои ба вуҷуд овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатии муосир, мутобиқ сохтани низоми хизмати давлатӣ ба шароити нави иқтисодӣ, такмили сохторҳои идоракунӣ, ташаккули низоми музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ, таҳияи механизмҳои нави татбиқи технологияҳои кадрӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар хизмати давлатӣ ва пешгирии коррупсия дар хизмати давлатӣ тадбирҳои муайян роҳандозӣ шуданд.

Дар ин давра силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ дар самти озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, захираи кадрҳои хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ қабул гардиданд.

Бо мақсади роҳандозии азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани саҳми онҳо дар самаранокии идоракунии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №266 Қоидаҳои таҳия ва амалӣ намудани фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 Стандарти давлатии таҳсилоти иловагии касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамчун заминаи асосии роҳандозии ин шакли фаъолият қабул карда шуда, соли 2004 аввалин курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишкада оғоз гардиданд.

Айни ҳол ҳамасола зиёда аз 2000 хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.

Ҳамзамон, тайёр кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст.

Таъкид гардид, ки сиёсати хориҷии мо барқарории равобити байналмилалӣ, ва умуман, роҳандозии фаъолияти дипломатӣ танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид. Дар раванди шаклгирии давлати навини тоҷикон ва касби эътибори байналмилалии он нақши дипломатияи миллӣ  муассир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули аввалин санадҳои муайянкунандаи масири сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узвияти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити дипломатӣ ва муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо давлатҳои хориҷиву созмонҳои мухталиф оғоз бахшид.

Кишвари мо дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои боз» ташкил медиҳад, тавонист бо соири кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ҳамкорӣ ва муносиботи ҳасанаро ба роҳ монад. Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё равобити дипломатӣ барқарор намуда, барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои худро дар хориҷ аз кишвар таъсис дод.

Дар робита ба ин, ба шунавандагони курси такмили ихтисос тибқи барномаи таълимӣ дар ҳаҷми 72 соат мавзуъҳои мубрам, аз ҷумла «Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори мактаби нави сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи тоҷик», «Таърихи ташаккул ва дипломатияи тоҷик», «Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи хизмати дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дипломатияи мардумӣ ва нақши он дар рушди муносибатҳои байни кишварҳо», «Ҳамкориҳои иқтисодиву хориҷии Тоҷикистон», «Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: кафолат ва имтиёзҳо» ва ба ин монанд мавзуъҳои ҷолиби тақвиятбахши малакаи касбиву ихтисоси хизматчиёни дипломатӣ таълим дода шуданд.

Дар фарҷом ба шунавандагони курси такмили ихтисос гувоҳномаҳои хатми такмили ихтисос супорида шуд.

 

                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон