Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Ҳамкасбони арҷманд!

Бисту ҳашт сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, шиносномаи кишвар ва бахтномаи халқамон қабул гардид. Мо ин рӯзи таърихиро ҳар сол бо ифтихор таҷлил менамоем.

Матни Конститутсияи Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи андешаҳои созанда,  арзишҳо  ва суннату   анъанаҳои бебаҳои   миллӣ  ва дар  як вақт  бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.

Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шуд.      

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ месозад.

Илова бар ин Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.      

Тибқи Конститутсия Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои хориҷӣ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо соири давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми тарафайн эълон кард.     

Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем дар кишвари биҳиштосоямон низоми давлатдориеро  бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо бошад ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафт ва пойдории бардавоми имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардад. Аз ин рӯ, қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон бевосита ё бавосита ба қабули Конститутсия алоқаманд мебошанд. Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз мақаррароту кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.

Ҳадафи асосиву ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд,  озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад. Ин нуктаҳо дар Конститутсия хеле возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Ҳамзамон,  ин  амр баёнгари  моҳияту мазмуни демократии Конститутсия ва  мавҷудияти  низоми  демократии сиёсиву  иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Баъди  ба  даст овардани  истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии ба  шароит ҷавобгӯ надошт. Консепсияи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки  дар  Конститутсия  эълон шудааст ва тағйирнопазирии онҳо муқаррар гардидааст, барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамчун заминаи аз ҳама мувофиқи давраи гузариш ва рушд ба ҳисоб мерафт.

Ин консепсия барои бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷараёни фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди давлат ва инсон ба сифати андешаи миллӣ хизмат кардааст.

Дар Конститутсияи мо беҳуда таъкид нашудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ  муқаддас ва арзиши  олӣ мебошанд,  онҳо  мақсад ва мазмуни  татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва тавассути  ҳокимияти  судӣ ҳамчун  яке  аз  шохаҳои  сегона ва мустаъқили ҳокимият таъмин карда мешаванд.

Ин арзиши олӣ меъёри муайянкунандаи фаъолияти давлат ва тамоми сохторҳои он, инчунин ҳамаи ниҳодњои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои татбиқи  ҳадафи  асосии  ҷомеа, яъне  эњтирому ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодона равона шудааст.

Дар баробари ин,  ҳар як сокини мамлакат ҳамеша бояд дар  хотир дошта бошад, ки риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррӯза мебошад.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи рушди сифатан нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва созандагиву бунёдкорӣ қарор дорад.  Умедворам,  ки бо меҳнати софдилонаи ҳар яки мов ва саъю талоши мардуми заҳматпеша ва бонангу номуси Тоҷикистони азизамон иҷрои вазифаҳоеро, ки дар назди худ гузоштаем, таъмин карда метавонем.

Имрӯз аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст, хусусан аз ҳар хизматчии давлатӣ талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣкунад, тамоми кӯшишу ғайрати худро  барои  пешрафти  давлати  соҳибистиқлол, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад. Хушбахтона, аҳли хизматчиёни давлатӣ низ аз ин вазифаҳои созанда дар канор набуда, мувофиқ ба талаботи давр фаъолият доранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номаи сарнавишти давлату давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик гуфта, дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо  хотирҷамъӣ, хушбахтиву саодат ва рӯзгори ободу осуда ба Тоҷикистони азизамон суботи шукуфоиро орзу менамоям.