18:10, 07 Августи 2020
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория: Новости

majlisi HJT 13.07.20 113.07.2020 19:49, шаҳри Душанбе

 

 

 

 

13 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои таъмини амнияти озуқавории кишвар, суръати ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, кишти такрорӣ, андешидани чораҳои санитарӣ-гигиенӣ доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар љараёни кори маљлис њисоботи шахсони масъул муовини Сарвазири мамлакат Гулмањмадзода Давлатшоњ, вазири кишоварзї Салимзода Амонулло, вазири энергетика ва захирањои об Усмонзода Усмоналї ва вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї Абдуллозода Љамолиддин вобаста ба вазъи корњои кишоварзї, ѓунучини њосил, рафти татбиќи супоришњои Њукумати кишвар оид ба афзоиш додани майдони кишти картошка, таъмини бозори дохилї, содироти меваљот ва сабзавот ба хориљи мамлакат, омодагї ба кишти такрорї, тадбирњои пешгирї ва табобати бемории сироятии коронавирус, тайёрии ташкилоту муассисањо ба давраи зимистони солњои 2020-2021, иљрои наќшаи корњои созандагї, вусъати корњои ободонї бањри истиќболи сазовори љашни бузурги миллї-30-солагии Истиќлолияти давлатї, омодасозии мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ба соли нави хониш шунида шуд.

Дар бахши кишоварзї вобаста ба истењсоли мањсулот, ба роњ мондани кишти такрорї, таъмини бозори истеъмолии дохили кишвар бо мањсулоти тару тоза дар њамаи фаслњои сол, истифодаи босамари гармхонањо, иљрои наќшаи кишти зироатњо, бахусус картошка, васеъ кардани майдони кишти такрорї аз њисоби ѓалладонагињо, лубиёгињо ва љуворимакка, захираи маводи озуќаворї дар сардхонањо ва таъминоти меваљот дар бозорњои дохилї ба масъулин супоришњо дода шуд.

Зимни суханронї Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон таваљљуњи аъзои Њукумати кишвар, роњбарони вазорату идорањо ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњоро ба вазъи имрўзаи љомеаи љањонї, таъсири омилњои беруна ба иќтисоди миллї, хатари пандемияи коронавирус дар љањон ва таъсири манфии он ба рушди иљтимоиву иќтисодии кишварњои олам љалб карданд.

Президенти мамлакат ба Њукумати кишвар, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо, шањру ноњияњо, роњбарони вазорату идорањо супориш доданд, ки бо маќсади фаъолияти босуботи иќтисоди миллї, љињати кам кардани таъсири манфии хавфњои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соњањои иќтисодиёт чорањои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимої љињати тарѓиби тарзи њаёти солим, пешнињоди тавсияи мутахассисони соња барои риояи ќоидањои санитарї-гигиенї, таъмини марказњои саломатї бо маводи доруворї дастуру супоришњо дода шуд.

Инчунин тамоми роњбарони маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї вазифадор шуданд, ки захираву имкониятњоро вобаста ба ѓамхорї нисбат ба табаќањои ниёзманд, бењтаргардонии хизматрасонињои тиббї ва пешгирии бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корњои фањмондадињї дар байни ањолї оид ба тозаву озода нигоњ доштани муњиту мањалли зист, коргоњу иншоот ва риояи ќоидањои бењдоштї (гигиенаи шахсї) ба таври самаранок истифода баранд.

Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар расонањои иттилоотии кишвар супориш дода шуд, ки оид ба истифодаи самараноки заминњои наздињавлигї ва хољагињои ёрирасон, бо истифода аз имкониятњои њар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хўроквориро дар хонањо бештар тарѓиб намоянд.

Дар охири кори маљлис Президенти мамлакат, Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Њукумати кишвар ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатї барои дар сатњи зарурї доир кардани маъракаи зимистонгузаронї, истифодаи сарфаркоронаи неруи барќ дар шароити камобї, омода намудани иншооти соњањои иљтимоию иќтисодї ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хўрокворї, захираи ангишт ва дигар сўзишворї, таъмини барќу гармї ба муассисањо ва ањолї дар фасли зимистон, омода кардани марказњои барќу гармидињї, тайёр кардани муассисањои миёна ва олии таълимии кишвар, аз љумла донишгоњу донишкадањо, литсею коллељњо ва омўзишгоњњо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корњои ободониву бунёдкорї бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї супоришњои мушаххас доданд.

Сарчашма: www.president.tjmajlisi HJT 13.07.20 2



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2020 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон