User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти Бунҷикат - 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ (ҳамчун афзалият ба ҳисоб меравад), кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ (MS Word, MS Excel, MS PowerPoint ва дигарҳо), донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.

Маоши мансабӣ 1294 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ

ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАД:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ)

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

- хислатнома;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқарраргардида;

- маълумотнома (справка-объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

ноҳияи Шаҳристон, кӯчаи  Истаравшан-16, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон.

Телефон барои тамос: (8-34-56)2-63-35, 987-06-66-22.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.