User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Атташеираёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660 сомонӣ.
  2. Котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ.
  3. Котиби дуюми шуъбаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупои раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ.
  4. Котиби дуюми шуъбаи тадқиқоти стратегии раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ.
  5. Котиби дуюми шуъбаи қабули ҳайатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ.
  6. Котиби якуми шуъбаи муассисиаҳои хориҷии раёсати кадрҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220,10 сомонӣ.
  7. Котиби якуми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220,10 сомонӣ.
  8. Мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –2220,10 сомонӣ.
  9. Мушовири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220,10 сомонӣ.
  10. Мушовири раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2220,10 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

барои довталабони ишғоли мансаби мушовир ва котиби якум:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

-  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

  

Талаботи тахассусӣ

 барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

-  маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 

Талаботи тахассусӣ

 барои ишғоли мансаби котиби сеюм ва атташе:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
  • донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
  • маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;

 

           Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ:

талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюм ва котиби сеюми раёсати кадрҳо - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ;

-  талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюми раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

- талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби дуюм ва котиби сеюми раёсати молиявӣ - таҳсилоти олии молиявӣ.

 

Талаботи иловагӣ

 нисбати ҳамаи довталабон:

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии  кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

 

                       Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
  3. Тарҷумаи ҳол (Word);
  4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
  5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  15. Гувоҳинома (сертификат) аз забони хориҷӣ.

 

Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд  ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд  ба озмун роҳ дода намешаванд.

Ҳуҷҷатҳо то 4 марти 2022 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз – 33.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-70-27.

 

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.