ҲАМАИ ХАБАРҲО
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Италия дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия хонум Ҷорҷия Мелонӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистону Италия баргузор шуд.
23 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла мулоқот карданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим - пойтахти Ҷумҳурии Италия шуданд.
22 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд.
22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Пешниҳоди дахлдор зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ғаффор Ҷабборӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳритус субвенсионӣ буда, ҳар сол зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 миллиону 669 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шуд, ки 103, 6 фоизи нақшаи андозро ташкил менамояд.
Давоми 6 моҳи соли 2022 мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 аз 94 лоиҳаи пешбинишуда 38 лоиҳа ба маблағи 54 миллиону 419 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, ки 36 фоизи нақша мебошад. Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 2, 3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 6 моҳи аввали соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 миллиону 657 ҳазор сомониро ташкил дод.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 6350 тонна буда, иҷроиш 6398 тонна ё ин ки 102,8 фоиз иҷро гардидааст.
Ҳачми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 миллиону 885 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки фаъолиятро оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия пурзур намоянд, оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд, ба истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти маишию варзишӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ ба масъалаи беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Сарвари давлат ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 4 моҳ муҳлат додаанд.
Сипас, дар кори маҷлис масъала Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади сифатнок ва сари вақт таҳия намудани дурнамои нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 июни соли 2023 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2025-2026 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукуати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 ва Дар бораи Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх